Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ баҳри таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ, ки дар паёми 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа намуда буданд ва бинобар эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», Хадамоти гумрук тасмим гирифта буд, ки заминаҳои ҳуқуқии мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва гузариш ба шакли пурраи декларатсиякунонии электрониро такмил диҳад.

Бо мақсади такмили меъёрҳои Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Хадамоти гумрук лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуд.
Қонуни таҳияшуда аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ шуда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1 октябри соли 2025 имзо гузошта шуд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, №2186 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунанда дар шакли электронӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ, аз ҷониби иширокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ то ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани молу воситаҳои нақлиёт тавассути системаи иттилоотии Хадамоти гумрук пешниҳод намудани маълумоти пешакӣ, мураттабсозии меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба транзити гумрукӣ, содагардонии расмиёти бақайдгирии шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда ва таъмини мутобиқати дохилии меъёрҳои ҳуқуқии Кодекси гумрук, фаро гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, тағйиру иловаҳои ба 39 моддаҳои Кодекси гумрук воридшуда ба рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, пешниҳоди декларатсияи гумрукии электронӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои электронии гумрукӣ бо истифода аз имзои электронии рақамӣ, равона гардидаанд.
Дуввум - Бо мақсади ҳавасманд намудани тоҷирон ҷиҳати ба даст овардани мақоми танзимгари ваколатдори иқтисодии хориҷӣ ва дохил намудан ба Феҳристи танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ, андозаи таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ аз 8000 ба 4000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи ҳамин Қонун кам карда шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади зиёд намудани шумораи анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ва боркашонҳои гумрукӣ талабот оид ба пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми ба феҳристҳои дахлдори Хадамоти гумрук дохил намудани соҳибони чунин анборҳо ва боркашонҳои гумрукӣ хориҷ карда шудааст. Пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ бошад, ҳангоми пешниҳоди декларатсияи мухтасар ва декларатсияи транзитӣ дар шакли электронӣ мутобиқ ба андозаи маблағи пардохтҳои гумрукӣ тибқи Қонун тариқи системаи иттилоотии Хадамоти гумрук назорат карда мешавад.
Сеюм - Баҳри мураттабсозии меъёрҳои Кодекс бо дар назар доштани таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ меъёрҳои боби 10-уми Кодекс (Транзити дохилии гумрукӣ) ва боби 20-уми Кодекс (Транзити гумрукии байналмилалӣ) дар як боб бо номи «Боби 10. Расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ» якҷоя карда шуда, матни он бо мазмуни нав инъикос шудааст.
Чорум - Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси гумрук ба талаботи Қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тибқи Қонун ба 10 моддаҳои Кодекс тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудаанд.
Панҷум - Бо мақсади истифодаи самараноки системаи иттилоотии Хадамоти гумрук дар самти идоракунии хавфҳо боби 52 Кодекс «Баҳодиҳӣ ва идораи таваккал (риск)» дар таҳрири нав ифода карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ ва истифодаи технологияҳои муосир алоқаманд мебошанд.
Санаи 1 октябри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Садои мардум» расман интишор шуда, аз ҳамон рӯз мавриди амал қарор дода шудааст.
генерал-майори хадамоти гумрук Мерафзунзода М.,
сардори Раёсати таъмини ҳуқуқии Хадамоти гумруки
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


