25–26 сентябри соли 2025, дар шаҳри Иссиқ-Кули Ҷумҳурии Қирғизистон Муколамаи техникии минтақавӣ дар мавзӯи «Таъмини эътирофи фаромарзии сертификатҳои электронӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.
.jpg)
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ёрмаҳмад Нодир Ёрзод – майори хадамоти гумрук, сардори Шуъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорати содиротии Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Хуршед Абдулфатоҳович Латипов – лейтенанти хадамоти гумрук, нозири Маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона, ва Азамат Маҳмадюсуфович Давлатов – сардори шуъбаи КВД “Маркази равзанаи ягона”-и Хадамоти гумрук иштирок намуданд. Ҳамчунин, намояндагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
.jpg)
Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Маркази байналмилалии савдо (International Trade Center – ITC) баргузор гардида, дар он масъалаи эътирофи фаромарзии сертификати кишвари баромади мол (Certificate of Origin) дар шакли электронӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
.jpg)
Муколамаи мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти марбутаи кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон ҷараён гирифта, 5 маърӯзаи калидӣ бо машғулиятҳои амалӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
• Муқаррароти асосии сертификати кишвари баромади мол дар шакли электронӣ (e-CO) ва механизми эътирофи он;
• Муқоисаи моделҳои байналмилалии эътирофи рақамии сертификати CO;
• Мутобиқсозии моделҳо ба шароити минтақавӣ;
• Таҳияи харитаи роҳи минтақавӣ барои татбиқи сертификати электронии СТ-1;
• Баррасии механизмҳои таҳкими эътимод ва таҳияи лоиҳаи ёддошти тафоҳум миёни кишварҳои минтақа.
.jpg)
Иштирокчиён инчунин таҷрибаи мавҷударо дар самти рақамикунонии сертификатҳо, мушкилиҳо ва имкониятҳои амалигардонии онҳо баррасӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати эътирофи фаромарзии сертификатҳои электронӣ ироа карданд.
.jpg)
Муколама бо иштироки васеи коршиносони байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Маркази байналмилалии савдо (ITC), Палатаи байналмилалии савдо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) сурат гирифта, шароити мубодилаи таҷрибаи муваффақ ва таҳияи қадамҳои мушаххаси ҳамгироиро фароҳам овард.
.jpg)
Дар интиҳои чорабинӣ, лоиҳаи харитаи роҳ оид ба татбиқи сертификати электронии кишвари баромади мол дар сатҳи минтақавӣ аз ҷониби ITC ва намояндагони кишварҳо таҳия гардид.
.jpg)
Иштироки кормандони Хадамоти гумрук дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як заминаи муҳим барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ гардида, дар оянда низ чораҳои зарурӣ дар ин самт роҳандозӣ хоҳанд шуд.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


