ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 81-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид

Душанбе, 26 сентябри соли 2025. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 81-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд. Дар ҷаласа ҳайатҳои расмии Азербайҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Белорусия, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хизмати гумрукӣ Каримзода Хуршед Абдурахмон ба иштирокчиён муроҷиат кард. Ҳамчунин, Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло суханронӣ намуд.

Баргузории ҷаласа дар Тоҷикистон рамзӣ арзёбӣ мегардад, зеро дар соли 2025 кишвар раисии ИДМ-ро бар ӯҳда дорад. Ин нишонаи нақши фаъоли Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва рушди раванди ҳамгироӣ дар соҳаи гумрук мебошад.

Дар рӯзномаи ҷаласа 16 масъалаи муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла:

• масъалаҳои таснифоти баъзе молҳо,
• назорат аз болои контейнерҳои муваққатан воридшуда,
• мубодилаи таҷриба дар шиносоии воситаҳои нақлиёти гибридӣ,
• ва тасдиқи нақшаи кори Шӯро барои соли 2026.

Қарори муҳими ҷаласа — имзои Созишнома дар бораи таъсиси Маркази экспертиза ва таҳқиқот буд, ки ҳадафи он муттаҳидсозии усулҳо ва ҳамоҳангсозии корҳо ҳангоми гузаронидани экспертизаҳои гумрукӣ мебошад.

Ин барои Хадамоти гумруки Тоҷикистон имкониятҳои навро дар татбиқи усулҳои муосири таҳлил ва густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ фароҳам меорад.

Ба масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотии муосир, таҳкими амнияти гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар поёни ҷаласа самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда муайян ва чорабиниҳои омодагӣ ба ҷаласаи 82-уми Шӯро, ки дар соли 2026 баргузор мегардад, мувофиқа шуданд.

Натоиҷи ҷаласа барои баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои минтақавӣ, ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ аҳамияти калон доранд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: