24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи коршиносони Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба такмили ҳамкориҳои гумрукӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Коршиносон иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблиро, таҳияи ҳисоботи фаъолияти Шӯро барои соли 2025 ва лоиҳаҳои нақшаи фаъолият барои соли 2026-ро муҳокима карданд.
Ба масъалаҳои ташкили назорати гумрукӣ, идоракунии хатарҳо, ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ, навсозии Низомномаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумрукӣ, инчунин мувофиқсозии номзадҳо ба мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла директори гиреҳи минтақавии иртибот оид ба ҳамкориҳои ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) (RILO-Москва) диққати махсус дода шуд.
Илова бар ин, масъалаҳои амалии марбут ба таснифоти молҳои алоҳида ва инчунин ташкили боркашонии контейнерӣ ва мултимодалӣ муҳокима шуданд.
Коршиносон ҳамчунин чорабиниҳои омодагӣ ба ҷаласаи 82-юми Шӯрои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ-ро, ки дар соли 2026 баргузор мешавад, муайян карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


