ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи коршиносони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрии якҷояи коршиносони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории мутақобила дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии амалҳо дар заминаи назорати гумрукӣ баррасӣ гардиданд. Таҷрибаи кишварҳо оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар раванди назорати гумрукӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ таҳкими ҳамкории кишварҳои аъзо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии сиёсати гумрукӣ мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: