ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштироки намояндагони Хадамоти гумрук дар курси байналмилалии UN/CEFACT оид ба рақамисозии тиҷорат

Рӯзҳои 10–13 сентябри соли 2025 дар шаҳри Берлин, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, давраи омӯзишии минтақавӣ таҳти унвони “Баланд бардоштани салоҳияти рақамӣ барои татбиқи амалии меъёрҳои UN/CEFACT” баргузор гардид.

Аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ Зафари Саидқул – сарнозири Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ ва Муродбеки Латиф – подполковники хадамоти гумрук ва сарнозири Маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона, иштирок намуданд.

Курси мазкур дар доираи лоиҳаи “Соддагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ” бо дастгирии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ташкил шуда, ба баланд бардоштани малакаҳои рақамии кормандони соҳа ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ барои соддагардонии савдо равона гардидааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан, марҳилаҳои дигари ин омӯзиш рӯзҳои 24–26 июни 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин дар шакли маҷозӣ (онлайн) дар давоми моҳҳои июн-август баргузор гардида буданд.

Курси омӯзишӣ мавзӯъҳои зеринро фаро гирифт:

• Татбиқи меъёрҳои UN/CEFACT барои рушди тиҷорати рақамӣ ва осонсозии расмиёти фаромарзӣ;

• Модели маълумоти мултимодалии боркашонӣ, ки барои ҳамоҳангсозии интиқоли бор тавассути ҳама намудҳои нақлиёт (ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ ва баҳрӣ) пешбинӣ шудааст;

• еCMR – ҳуҷҷати рақамии ҳамлу нақли байналмилалии бор, ки табодули маълумотро дар шакли электронӣ, бо истифода аз имзои рақамӣ ва назорати воқеӣ таъмин мекунад.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи рақамисозии пурраи равандҳои гумрукӣ ва логистикӣ дар доираи талаботи стандартҳои UN/CEFACT равона шуд. Ин равандҳо, ки дар Эъломияи Боку дар доираи Саммити SPECA соли 2023 низ таъкид гардида буданд, барои таҳкими ҳамкории минтақа бо бозорҳои байналмилалӣ, махсусан Иттиҳоди Аврупо ва Осиё, аҳамияти калон доранд.

 

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар чунин барномаҳо ба татбиқи ислоҳоти рақамӣ, осонгардонии муомилоти гумрукӣ, коҳиши монеаҳои бюрократӣ ва тақвияти ҳамкории фаромарзӣ мусоидат мекунад.

Бо ҷорӣ кардани ҳуҷҷатгузории рақамӣ ва мутобиқсозии равандҳо ба меъёрҳои UN/CEFACT, Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нақши худро дар ташаккули долони рақамии Осиёи Марказӣ ва пайванди стратегӣ байни Аврупо ва Осиё тақвият бахшад.

Дар анҷоми курси омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳои расмӣ супорида шуданд. Ин омӯзиш барои рушди касбӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар самти рақамисозии хизматрасониҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон заминаи муҳим мегузорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: