ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тақвияти ҳамкориҳо бо Ассотсиатсияи “АВВАТ” ҷиҳати татбиқи Конвенсияи ББА

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва татбиқи талаботи Конвенсияи ББА, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи “АВВАТ” дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук курси такмили ихтисоси мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ баргузор гардида истодааст.

 

Курс аз 15 то 19 сентябри соли 2025 дар асоси моддаи 147 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дархости ширкатҳои брокери гумрукӣ ташкил шудааст.

Санаи 18 сентябр, дар доираи курс, бо иштироки намояндагони Ассотсиатсияи “АВВАТ” семинарҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ дар самтҳои зерин баргузор гардиданд:

• Барномаҳои рақамии TIR: TIR-EPD, SAFE-TIR ва AskTIR;

• Гузаргоҳҳои сабз ва нақши онҳо дар соддагардонии интиқоли борҳо;

• Рақамикунонии низомҳои ҳамлу нақл: e-TIR ва e-CMR.

Дар чорабинӣ инчунин кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ширкат варзида, таҷрибаи амалӣ ва иттилооти муфидро дар самти истифодаи системаҳои муосири гумрукӣ соҳиб гардиданд.

Хадамоти гумрук таъкид менамояд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ассотсиатсияи “АВВАТ” минбаъд низ ҷиҳати татбиқи нақшаву ҳадафҳои стратегӣ дар самти рақамикунонии равандҳо ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома хоҳанд ёфт.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: