ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии сатҳи баланди солонаи Барномаи глобалии СММ (IREN) дар шаҳри Истанбул

17–18 сентябри соли 2025 дар шаҳри Истанбул, Ҷумҳурии Туркия вохӯрии сатҳи баланди солонаи кишварҳои шарики Барномаи глобалии СММ оид ба назорати ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо (IREN) баргузор гардид, ки аз ҷониби Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ташкил карда шуд.

Мақсади асосии вохӯрӣ таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди иқтидори гурӯҳҳои байниидоравии миллӣ (ПГФ) оид ба назорати ҳаракати бор ва мусофирон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш намояндагони зерин муаррифӣ карданд:

• Хуршед Шерализода — муовини сардори Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

• Замира Маҳкамова — муовини сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ;

• Далер Азимзода — сардори Раёсати хидмати амалиётии Агентии назорати маводи нашъаовар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар рафти вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон як қатор мулоқотҳои корӣ анҷом дода, инчунин дар бораи пешравиҳои кишвар дар самти пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими низоми назорати гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ маълумот пешниҳод намуд.

Иштирокчиён аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси IREN-ро таъкид намуда, ба масъалаҳои рушди зерсохторҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон ва ҷорӣ намудани воситаҳои муосири таҳлили хавф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: