5 сентябри соли 2025, дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи хотимавии Гуруҳи роҳбарикунандаи минтақавии Барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабекзода Э.Т., сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва Ёрзод Ё.Н., сардори шуъбаи Раёсати ташкили назорати гумрукӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории ҷаласа натиҷагирӣ аз марҳилаи даҳуми Барномаи БОМКА, арзёбии дастовардҳо ва баррасии самтҳои асосии ҳамкорӣ дар марҳилаи навбатӣ — БОМКА-11 мебошад.
Барномаи БОМКА-10, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои солҳои 2021–2025 амалӣ гардида, ба таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, рушди иқтисоди босубот ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ равона шудааст.

Барнома фаъолияти худро ба чор самти калидӣ тақсим намудааст:
1. Рушди институти миллӣ ва иқтидорҳои мақомоти сарҳадӣ;
2. Баланд бардоштани қобилияти ошкорсозии ҷиноятҳои фаромарзӣ;
3. Мусоидат ба гардиши расмии савдо аз тариқи сарҳадҳо;
4. Таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ.

Дар ҷараёни ҷаласа, ҳисоботи муфассал оид ба фаъолияти БОМКА-10 дар давоми чор соли охир, ҳамчунин натиҷаҳои ҳамкориҳои мақомоти марбутаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Барнома пешниҳод гардид. Коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва намояндагони кишварҳо тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар марҳилаи оянда — БОМКА-11 ироа намуданд.

Ҳузури намояндагони Хадамоти гумрук дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ имконият фароҳам меорад, ки таҷриба ва ҳамкориҳои судманд тақвият ёфта, фаъолияти гумрукӣ ва сарҳадии кишвар дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ рушд дода шавад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


