28.08.2025 10.10 шаҳри Душанбе
28 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ - 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба як қатор намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомии кишвар мукофотҳои давлатӣ, унвону рутбаҳои махсус тақдим намуданд.
.png)
Зимни суханронӣ дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар расидан ба истиқлоли давлатӣ ва таҳкиму тақвияти он андешаронӣ намуданд.
.png)
Таъкид гардид, ки низомиёни кишвар имрӯз низ дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, таҳкими суботу оромии ҷомеа ва тартиботи ҳуқуқӣ саҳми басо муҳимму арзишманд гузошта истодаанд.
.png)
Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, барои ҳимояи истиқлолу озодии кишвари азизамон ҳамеша омода мебошанд.
.png)
Дар маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатӣ ба истиқболи 34-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як гуруҳ низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо тақдим карда шуд.
.png)
Маврид ба зикр аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ - 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор кормандони мақомоти гумрук бо рутбаҳои нав ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Бо рутбаи генерал-майори хадамоти гумрук сарфароз гардиданд:
Одиназода Хуршед Одина – Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия;
.jpg)
Мерафзунзода Мерафзун Худоназар – Сардори Раёсати таъмини ҳуқуқӣ;
.png)
Мерихудозода Рамзи Мерихудо – Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
.png)
Бобозода Аҳмад Нозимҷон – Сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода.
.png)
Ҳамзамон, бо Медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардиданд:
Ёрзод Ёрмаҳмад Нодир – Сардори Шуъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорати содиротии Раёсати ташкили назорати гумрукӣ;
.png)
Анварзода Умар Анвар – Сардори Шуъбаи оперативии навбатдорӣ;
.png)
Зафари Саидқул – Сарнозири Шуъбаи ташкил ва таҳлили баҳисобгирии пардохтҳои гумрукии Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ.
.png)
Ин қадрдонӣ нишони эътирофи хизматҳои шоистаи онҳо дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


