ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

Санаи 26 августи соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Солеҳзода А. А. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Муайян кардани роҳҳои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол ва коркарди нахи пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Мақомоти гумрукро дар ин ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллозода Изатулло Табарӣ намояндагӣ карданд.

Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки соҳаи пахтакорӣ ва коркарди он то маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили кишвар яке аз самтҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва коркарди он дар корхонаҳои ватанӣ ба назар мерасад.

Аз ҷумла, дар се соли охир ҳаҷми истеҳсоли пахта тадриҷан кам шуда, аз 404,7 ҳазор тоннаи соли 2022 то 253,2 ҳазор тонна дар соли 2024 коҳиш ёфтааст.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нахи пахта низ аз 127,1 ҳазор тонна то 106,9 ҳазор тонна кам шудааст.

Содироти нахи пахта дар ташаккули иқтидори содиротии кишвар хусусияти мавсимӣ дошта, дар соли 2024 ҳаҷми содироти он 100,5 ҳазор тоннаро бо арзиши 170,1 млн доллар ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 8,8 ҳазор тонна ё 28,5 млн доллар кам мебошад.

Нархи миёнаи фурӯши нахи пахта 1692 доллар барои як тоннаро ташкил намуда, нисбат ба нархи миёнаи содиротии соли 2023-юм 125 доллар паст гардидааст.

Ҷуғрофияи содироти нахи пахта дар соли 2024 аз рӯи ҳаҷм асосан ба Эрон (67,9 фоиз), Туркия (15 фоиз), Чин (8,4 фоиз), Россия (4,4 фоиз), Покистон (3 фоиз), Гурҷистон (1 фоиз), Бангладеш (0,2 фоиз) ва Латвия (0,1 фоиз) сурат гирифтааст.

Қайд гардид, ки дар соҳа як қатор мушкилот ҷой доранд, аз ҷумла таъмин нагардидани нақшаи истеҳсоли пахтаи хом, баланд будани тарифҳои амалкунандаи неруи барқ ва ҷорӣ нагардидани тарифҳои мавсимӣ барои корхонаҳои соҳа, дастрас набудани корхонаҳои соҳа ба қарзҳои имтиёзнок ва нарасидани мутахассисони баландихтисоси корхонаҳои нассоҷӣ.

Бо мақсади дастгирии корхонаҳои коркард ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои ҳавасмандгардониро дар низоми тарифию ғайритарифӣ роҳандозӣ намудааст. Вале ин имтиёзҳо аз тарафи истеҳсолкунандагон начандон самаранок истифода шуда, барои ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва буҷет таъсирбахш нестанд.

Дар ҷаласаи мазкур доир ба масъалаи баррасишаванда гузориши муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Назар Азиз Савзалӣ шунида шуд. Аз ҷониби вазорати мазкур барои боз ҳам беҳтар намудани роҳҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва коркарди нахи пахта як қатор тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ҷиҳати бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҷаласа бо назардошти гузоришу баромадҳо ва баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани дастуру супориши минбаъда ба вазорату идораҳо ирсол мегардад.

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: