Аз 24 то 27 августи соли 2025, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳри Бишкек сафар намуд. Мақсади асосии сафар омӯзиши таҷрибаи кишвари ҳамсоя дар самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, идоракунии буҷети давлатӣ, низомҳои андоз ва гумрук, ҷалби сармоя, саноатикунонӣ, сайёҳӣ ва рақамикунонии бахшҳои муҳими хоҷагидорӣ буд.

Мақомоти гумрукро дар ҳайати мазкур Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон намояндагӣ кард.
Дар ҷараёни боздид ва мулоқотҳо, таҷрибаи муваффақи Қирғизистон дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла шаффофияти низоми андозбандӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, ташкили муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтор, мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт.
Ин ташаббус дар доираи сиёсати ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҷиҳати татбиқи таҷрибаи муфид ва таҳкими самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


