ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи навбатии коршиносони Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки ИДМ дар Москва баргузор гардид

Москва, 20–21 августи соли 2025 — Дар пойтахти Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии коршиносони Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор шуд.

 

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, рушди низоми табодули иттилоот, мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук, инчунин дигар масъалаҳои муҳими соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ таҳти намояндагии Одиназода Хуршед Одина, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ширкат варзид.

Ҳадафи асосии ҷаласа таҳкими ҳамгироӣ миёни хадамотҳои гумруки кишварҳои узви ИДМ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои гумрукӣ дар доираи минтақаи муштарак арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: