Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши филмҳои ҳуҷҷатии “Марди роҳ” ва “Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ин иқдом дар асоси мактуби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” амалӣ гардида, кормандони мақомоти гумрук бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҳар ду филмро якҷоя тамошо намуданд.
Филмҳои мазкур бо истифода аз аснод ва далелҳои муътамади таърихӣ, саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равшан инъикос менамоянд.
Тамошои ин филмҳо барои ҳар як фарди ватандӯст дарси бузурги ватандорӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад. Онҳо водор месозанд, ки сулҳу суботро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пойдории он саҳм гузоранд.
Дар филмҳо лаҳзаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта – фирори мардуми осоишта ба кишварҳои ҳамсоя, гуруснагӣ, ашки модарону харобшавии манзилҳо – ба таври равшан нишон дода шудаанд. Ин манзараҳои дардовар аҳамияти сулҳу оромиро барои насли имрӯза боз ҳам барҷастатар менамоянд.
Қаҳрамонии марди ватандӯсту сулҳовар, Эмомалӣ Раҳмон, ки таърих камназар шахсияти ҳамтояшро дидааст, бо эҳтирому сипосгузорӣ дар дили ҳар тамошобин ҷой гирифт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


