Брюссел, Белгия, 28 июни соли 2025 – Дар ҳошияи ҷаласаи 145/146-уми Шӯрои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (СУГ), ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, мулоқоти дуҷониба миёни Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Дабири кулли СУГ ҷаноби Ян Сандерс доир гардид.
.jpg)
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону СУГ, дурнамои таҳкими равобити дуҷониба ва рушди ҳамгироӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Хадамоти гумрук изҳори миннатдорӣ ба роҳбарияти СУГ ҷиҳати фароҳам овардани имконияти баргузории мулоқот намуд ва таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук буда, дар тамоми ин давра муносибатҳои мутақобилан судмандро бо созмон ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Тоҷикистон пайваста аз ташаббусҳои СУГ ҷонибдорӣ менамояд ва дар чорабиниҳои созмон, бахусус дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва блокчейн фаъолона иштирок менамояд.
Дар раванди мулоқот иброз гардид, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 қабул шудааст. Барномаи мазкур санади банақшагирии стратегӣ буда, ҳадафи асосии он мутобиқсозии фаъолияти гумрукӣ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад.
Барнома панҷ самти калидии рушди мақомоти гумрукро дар бар мегирад:
1. Такмили қонунгузорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ;
2. Муосиргардонии инфрасохтори гумрукӣ;
3. Рушди маъмурияти гумрукӣ;
4. Таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои техникии муосир;
5. Боло бурдани сатҳи тахассус ва қобилияти касбии кормандон.
Дар доираи ин Барнома таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук низ пешбинӣ гардидааст.
Каримзода Хуршед Абдураҳмон изҳори боварӣ намуд, ки таъсиси чунин намояндагӣ боис мегардад, ки иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти созмон густариш ёбад ва нақши кишвар дар таҳия ва татбиқи стандартҳои байналмилалии гумрукӣ тақвият дода хоҳад шуд.
.jpg)
Дар интиҳои мулоқот аз Дабири кул даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд. Ҷаноби Ян Сандерс бо арзи сипос даъватро пазируфтанд ва омодагии СУГ-ро барои таҳкими ҳамкориҳои судманд бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дабири кул зикр намуданд, ки Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук дар минтақаи Осиёи Марказӣ барномаҳои гуногунро дар самти аккредитатсияи кормандони гумрук ва таҳкими иқтидори касбӣ амалӣ намуда, омода аст дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад.
Ҳамзамон, ҷаноби Ян Сандерс бо хушнудӣ пешниҳоди таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сохтори СУГ пазируфта, таъкид намуданд, ки созмон барои татбиқи ин иқдом тамоми имкониятҳоро мавриди истифода қарор хоҳад дод.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


