ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ

26 июни соли 2025, дар ҳошияи иҷлосияи 145/146-уми Шӯрои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (СУГ), ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи закот, андоз ва гумруки Подшоҳии Арабистони Саудӣ Созишнома оид ба ҳамкорӣ ва ёрии мутақобилаи маъмурӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ ба имзо расид.

 

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва аз ҷониби Подшоҳии Арабистони Саудӣ Роҳбари Саридораи закот, андоз ва гумрук Суҳайл бин Муҳаммад Абанмӣ ба имзо расониданд.

Ин ҳуҷҷати муҳим оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ифода менамояд ва заминаи ҳуқуқии устуворро барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ фароҳам месозад.

Тибқи муқаррароти созишнома, ҷонибҳо уҳдадор мешаванд ҳамкориҳои самаранокро дар самтҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла қочоқ, таҳкими амнияти сарҳадӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ба роҳ монанд.

Татбиқи амалии ин санади дуҷониба ба рушди савдои мутақобила, мусоидат ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии миёни ду кишвар нақши муҳим хоҳад гузошт.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: