ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷҳизоти муосири сканкунии рентгении Nighthawk–BTX ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон супорида шуд

Аз ҷониби Бунёди адами паҳншавӣ ва халъи силоҳ (НПРФ) ва Дафтари амнияти байналмилалӣ ва назорати содироти Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар доираи Барномаи назорати содирот ва амният, ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад таҷҳизоти дастии сканкунии рентгении Nighthawk–BTX тақдим карда шуд.

 

Бо мақсади истифодаи самараноки ин таҷҳизот, дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук дар ду марҳила (23–24 ва 25–26 июни соли 2025) курси омӯзишӣ таҳти унвони “Тартиби самаранок истифода бурдани таҷҳизоти дастии сканкунии рентгении Nighthawk–BTX” баргузор гардид.

Машғулиятҳоро коршиносони Барномаи назорати содирот ва амнияти Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон гузарониданд. Дар ин омӯзишҳо 20 нафар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавии Хадамоти гумрук иштирок карда, сатҳи донишу малакаи амалиёти худро такмил доданд.

Истифодаи чунин таҷҳизоти муосир самаранокии назорати гумрукиро боло бурда, имконият медиҳад, ки ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳо аз сарҳад пешгирӣ ва дарёфт карда шаванд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: