ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 145/146-уми Шӯрои Созмони Умумҷаҳонии Гумрук дар Брюссел иштирок намуд

Аз 26 то 28 июни соли 2025 дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия ҷаласаи 145/146-уми Шӯрои Созмони Умумҷаҳонии Гумрук (СУГ) баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони воломақоми мақомоти гумруки 186 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ҳайат таҳти роҳбарии Каримзода Хуршед Абдураҳмон — сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кард. Дар ҳайат ҳамчунин Шодиев Сафар Раҳматуллоевич — сардори шуъбаи Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона ширкат намуд.

Ҷаласаи мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, соддагардонии равандҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушди иқтидорҳои миллӣ бахшида шуда, муҳимтарин масъалаҳои соҳавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маросими ифтитоҳ бо суханронии хонум Нгози Оконҷо-Ивеала — Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғоз ёфт. Вай дар суханронии худ ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ барои рушди устувори тиҷорати байналмилалӣ таъкид намуд.

Котиби генералии СУГ, ҷаноби Ян Сандерс, зимни сухани ифтитоҳии худ дастовардҳои созмон, фаъолияти кумитаҳои соҳавӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаро барои кишварҳои аъзо шарҳ дод.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими тавсеаи иқтидорҳои миллии гумрукӣ, ислоҳоти тарифӣ, риояи қонунгузории байналмилалӣ ва мусоидат ба равандҳои савдои хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: