25 июни соли 2025 дар шаҳри Токио ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ аз мақомоти гумруки Тоҷикистон Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар иштирок намуд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, гумрукӣ, энергетика, логистика, рақамикунонии иқтисод ва рушди захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Инчунин, ҷонибҳо афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва аҳамияти ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим байни Душанбе ва шаҳрҳои Ҷопонро ҳамчун омилҳои калидии таҳкими ҳамкории амалии иқтисодӣ таъкид намуданд.
Дар бахши иқтисоди рақамӣ ҷониби Тоҷикистон аҳамияти дастгирии лоиҳаҳои марбут ба инфрасохтори рақамӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва рушди соҳибкории рақамиро барои расидан ба ҳадафи рақамикунонии иқтисоди кишвар то соли 2030 таъкид намуд.
Ҷониби Ҷопон Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ намуда, омодагии худро барои дастгирии дархостҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла таъсиси маркази омӯзиши мутахассисон барои бозори меҳнати Ҷопон, рушди ширкатҳои муштарак ва густариши шабакаи омӯзиши забони ҷопонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон изҳор намуд.

Дар анҷоми ҷаласа, Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок дарҷ гардидаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


