ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» идома дорад

Бо мақсади таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, аз 19 май то 27 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардида истодааст. Дар он дастаҳои кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ташкилотҳои алоқаманд, ки дар ҳудуди пойтахт фаъолият мекунанд, ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.

Мусобиқа дар фазои дӯстона ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҷараён дорад ва интизор меравад беҳтарин дастаҳо сазовори Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гарданд.

Натиҷаҳои дастаи Хадамоти гумрук

Дастаи футболбозони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи имсола чунин натиҷаҳоро ба даст овард:

• Дар гурӯҳи А:

o Ғалаба бар Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ — 3:0

o Мағлубият аз Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ — 3:4

o Ғалаба бар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ — 5:0

o Ғалаба бар Суди Олӣ — 6:0

o Ғалаба бар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» — 6:3

• 1/16 финал:

Ғалаба бар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон — 6:3

• 1/8 финал:

Ғалаба бар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон — 3:2

Дар ҷараёни мусобиқа бозингарони зерин ба дарвозаи ҳарифон гол заданд:

• Қурбонов Суҳбатулло Самандарович — 2 гол

• Абдуқодиров Абдуҷаббор Ҷамшедович — 1 гол

• Сулаймонов Абдурасул Каримович — 1 гол

• Ёрмаҳмадзода Наврӯз Ёрмаҳмад — 1 гол

• Ҳасанов Тимур Лутфуллоевич — 1 гол

Бозии навбатӣ

Бозии 1/4 финали Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ба номи Фрунзе миёни дастаи Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ ва тақвияти муносибатҳои ҳамиҷавонӣ миёни сохтору муассисаҳои гуногун мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: