ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имконоти густариши ҳамкорӣ миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии KOICA дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

20 июни соли 2025 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо директори навтаъини Дафтари минтақавии KOICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Канг Синг Хон, баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни мулоқот Турсунзода Азим Ҳайдар ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷаноби Канг Синг Хонро бо таъйин шуданаш ба вазифаи директори Дафтари минтақавии KOICA дар Тоҷикистон самимона табрик намуд. Ҳамчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳои муштарак изҳор дошт.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориро, аз ҷумла идоракунии хавфҳо, назорати пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, идоракунии ҷараёни мусофирон, навсозии инфрасохтори IT, таъсиси маркази мониторинги гумрукӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти муосир барои кормандони гумрук мавриди баррасӣ қарор доданд.

Турсунзода Азим Ҳайдар таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Корея дар самти рушди низоми идоракунии хавфҳо барои муосирсозии фаъолияти гумрук, дақиқ муайян кардани хавфҳо ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад.

Дар навбати худ, ҷаноби Канг Синг Хон изҳор дошт, ки таҷрибаи корӣ дар дигар давлатҳо, аз ҷумла Гватемала, ӯро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои нав омода кардааст. Ӯ қайд намуд, ки мақсади асосии KOICA мусоидат дар таъсис ва такмили низомҳои иттилоотӣ ва инфрасохтори гумруки Тоҷикистон аст.

Ҷонибҳо аҳамияти масъалаҳои баррасишударо барои рушди соҳаи гумрук ва манфиатҳои миллии тарафҳо таъкид карда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳо изҳор намуданд.

Дар вохӯрӣ инчунин Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад – сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук, Султонов Қурбонмурод Каримҷонович – сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона, подполковники хадамоти гумрук, Давлатмиров Худоназар Шерзамонович – сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, майори хадамоти гумрук, Ҳоҷимуродова Шукрона – котиби сеюми кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёри Шералӣ – корманди барномавии KOICA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: