Аз 2 то 4 июни соли 2025 дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 80-уми Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи коршиносон ҷиҳати омода намудани маводҳо барои Шӯрои роҳбарон бо муваффақият баргузор гардиданд.
Ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти гумрук, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон дар ин ҷаласа иштирок намуд.
Ҷаласа бо суханронии ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, Амангелдиев Данияр Джолдошевич оғоз гардида, ӯ ҳамаи иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт.
Дар раванди ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи гумрук мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ташаккули механизми бақайдгирӣ ва муайянсозии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба доир ба муайянкунии воситаҳои нақлиёти гибридӣ, тартиби анҷом додани амалиёти гумрукӣ нисбат ба дастгоҳҳои барқдиҳии автомобилҳои барқӣ, инчунин лоиҳаи Созишнома дар бораи Маркази экспертиза ва тадқиқоти мақсадҳои гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ муҳокима шуданд.
Инчунин, иштирокчиён ба масъалаи татбиқи низоми ягонаи электронии мубодилаи маълумот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба таҳкими сифат ва самаранокии хидматрасонии гумрукӣ ва содагардонии равандҳои марбут ба он тадбирҳои муштаракро муайян карданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба татбиқи технологияҳои нав, густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими амнияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштироки фаъоли намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои минтақавӣ бозгӯи ҳамкориҳои созандаи кишварамон бо давлатҳои аъзои ИДМ дар самти рушди инфрасохтори гумрукӣ ва тақвияти робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ мебошад.
Натиҷаҳои ҷаласа барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар фаъолияти гумрукӣ аҳамияти махсус доранд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон