ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имзои Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

Иссиқкӯл, Қирғизистон – 4 июни соли 2025. Дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ва иштироки он дар ҷаласаи 80-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мулоқоти дуҷонибаи сатҳи баланд миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

 

Музокирот таҳти раёсати Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ва Раиси Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Салиев Алмаз Абдилдаевич, дар фазои созанда ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи мулоқот, Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакӣ дар бораи интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду кишвар ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур заминаи ҳуқуқӣ ва амалии мубодилаи саривақтии маълумоти гумрукиро муҳайё сохта, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти идоракунии таваккал, афзоиши иқтидори транзитӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва мутобиқсозии механизмҳои ҳамкорӣ бо стандартҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки татбиқи самараноки тавофуқоти бадастомада ба таҳкими эътимоди мутақобила, густариши ҳамкориҳои иқтисодии судманд ва вусъати ҳамгироии минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: