ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии масъулини Хадамоти гумрук бо коршиноси байналмилалии Созмони байналмилалии муҳоҷират

2 июни соли 2025, дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо хонум Татяна Котляренко — коршиноси байналмилалии Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон баргузор шуд.

 

Дар вохӯрӣ роҳбарият ва омӯзгорони Донишкадаи такмили ихтисос, инчунин кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ масъалаҳои муҳими фаъолияти Хадамоти гумрук, аз ҷумла муқовимат ба савдои одамон, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони гумрук мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамчунин, таҷриба ва дастовардҳои амалишуда дар ин самт муаррифӣ гардида, роҳҳои густариши ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Хонум Татяна Котляренко изҳор дошт, ки бо мақсади тақвияти иқтидори омӯзишӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, омода аст мавод ва модулҳои омӯзишии байналмилалиро барои истифодаи мақомоти гумрук пешниҳод намояд.

Дар поёни вохӯрӣ, роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисос ба меҳмонон барои ташриф изҳори сипос намуда, омодагии Хадамотро барои таҳким ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд таъкид намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: