ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Усулҳои нави таълим дар маркази таваҷҷуҳ: омӯзгорони Донишкада дар семинари байналмилалӣ иштирок карданд

26–28 майи 2025, Меҳмонхонаи “Рӯмӣ”, шаҳри Душанбе

Бо ташаббуси Барномаи ҳамкориҳои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА-10) ва дастгирии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ, семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Услубҳои нав дар раванди машғулиятҳои омӯзишӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

Намояндагони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, аз ҷумла:

• капитан Абдулҳақов Ҷаҳонбахт Нусратуллоевич,

• майор Каримов Салоҳиддин Хуршедович,

• лейтенанти калон Туманов Саидмуъмин Саидакбарович,

дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар доираи барномаи семинар, коршиноси варзида аз Ҷумҳурии Қазоқистон — Юлия Казакова — усулҳои муосири таълимиро муаррифӣ намуд, аз ҷумла:

• педагогика, андарагогика, хютагогика, парагогика,

• истифодаи платформаи “GEMINI”,

• пирамидаи маърифатии Bloom.

Иштирокчиён ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, дар машғулиятҳои амалӣ ва мубоҳисаву таҷрибаомӯзӣ ширкат варзиданд.

Дар интиҳои семинар эълон гардид, ки Барномаи БОМКА минбаъд низ идома меёбад ва муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо таҷҳизоти таълимии муосир дастгирӣ хоҳанд шуд.

Чунин чорабиниҳо имкони баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалиро фароҳам месозанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: