ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дарсҳои сайёр барои баланд бардоштани тахассуси кормандони мақомоти гумрук

Бо мақсади иҷрои банди 6 Нақшаи кории Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи аввали соли 2025 ва дар асоси фармоиши Сардори Хадамоти гумрук таҳти №Ф-60 аз 28 апрели соли 2025, дар давоми моҳаи майи соли 2025 дарсҳои сайёри омӯзишӣ дар Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ баргузор гардиданд.

 

Машғулиятҳо санаҳои 1–2 май дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, 5–7 май дар шаҳри Душанбе ва 12–16 май дар вилояти Суғд ва воҳидҳои сохтории он баргузор гардида, 391 нафар кормандони мақомоти гумрук фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади таъмини сатҳи баланди таълим, гурӯҳи махсуси омӯзгорони Донишкада сафарбар карда шуданд:

• майори хадамоти гумрук Ғаниев С.А. – сарнозири кафедраи “Иқтисодиёт, ҳуқуқ ва фанҳои махсус”;

• майори хадамоти гумрук Каримов С.Х. – нозири калони ҳамон кафедра;

• лейтенанти калони хадамоти гумрук Туманов С.С. – нозири калони кафедраи “Ташкили назорати гумрукӣ ва информатика”.

Дар машғулиятҳо масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

• омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2024) ва муҳтавои сиёсати "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" (2025–2030);

• таҳлили фармоишҳои соҳавӣ оид ба пур кардани декларатсияҳои гумрукӣ;

• истифодабарии воситаҳои техникии назорати гумрукӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои XF2000, RT6000S, RT2000DBA ва CT-40;

• барномаҳои стратегии давлатӣ вобаста ба мубориза бар зидди коррупсия, ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар.

Дарсҳо бо усулҳои назариявӣ ва амалӣ сурат гирифта, бо саволу ҷавоб ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби шунавандагон ҳамроҳ буданд. Ҳамзамон, кормандон баргузории мунтазами чунин курсҳоро дар минтақаҳо зарур арзёбӣ намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: