ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои СҲИ дар Теҳрон баргузор гардид

28 майи соли 2025 дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) баргузор шуд.

 

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ) ҳамчун як минбари муҳими минтақавӣ нақши калидӣ дар тақвияти равандҳои ҳамгироӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётӣ, хусусан дар самти ҳамкориҳои байни мақомоти гумруки кишварҳои аъзо, иҷро менамояд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон роҳбарӣ намуд. Дар сухани ифтитоҳии худ ӯ ба зарурати ҷонок намудани ҳамкориҳо ҷиҳати пешбурди фаъолияти гумрукӣ дар минтақаи СҲИ таъкид кард.

Дар ҷараёни ҷаласа фаъолияти кумитаҳои СҲИ ва дастовардҳои ҷаласаи 9-уми Шӯро, ки 20 июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардида буд, мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла рақамисозии минбаъдаи равандҳои гумрукӣ, такмили расмиёти транзитӣ, рушди низоми минтақавии мубодилаи маълумоти электронӣ (ММЭ), ва таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ миёни кишварҳои аъзо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳошияи ҳамоиш котиботи СҲИ ҳуҷҷати муҳими стратегӣ — "Дурнамои СҲИ барои солҳои 2026–2035"-ро рӯнамо намуд, ки ҳадафи он модернизатсия ва рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ бо фарогирии ҳамаи 10 кишвари аъзо мебошад.

Ҳамзамон, дар самти таҳкими иқтидори кадрии мақомоти гумруки кишварҳои аъзо, таъкид гардид, ки ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук, Агентии Японии ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва дигар шарикони рушд бояд густариш ёбанд.

Дар поёни ҷаласа, иштирокчиён Эъломияи Теҳрон-ро қабул намуданд, ки чаҳорчӯбаи стратегии рушди тиҷорати минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ ва пешбурди рақамисозии равандҳоро дар минтақаи СҲИ фаро мегирад.

Эъломияи мазкур қадами муҳим дар роҳи навсозии амалияҳои гумрукӣ ва таҳкими ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа арзёбӣ гардид.

Дар анҷом, Сардори Хадамот аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва ҳайати кормандони Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои баргузории сатҳи баланди ҷаласа изҳори сипос намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: