28 майи соли 2025, дар шаҳри Теҳрон, дар доираи ҷаласаи 10-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ), вохӯрии дуҷониба миёни сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва сардори Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон Форуд Асгарӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи гумрукиро баррасӣ намуданд. Зимни гуфтугӯ, сардори ҷониби Тоҷикистон аз пазироии гарму сатҳи баланди ташкили ҷаласа изҳори сипос намуда, нақши муҳими СҲИ-ро дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар соҳаҳои гумрук, тиҷорат ва нақлиёт таъкид намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти махсуси ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва мубориза бо қочоқ зикр карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати такмили Протокол дар бораи мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва рушди ҳамкориҳои техникӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баён намуд.
Муҳтарам Форуд Асгарӣ низ изҳор доштанд, ки ҷониби Эрон омода аст мушкилоти мавҷударо ҳамаҷониба баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро дар муҳлатҳои кӯтоҳ муайян намояд.
Ҷонибҳо ба он итминон доранд, ки ин мулоқот ба таҳкими робитаҳои гумрукӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон