25 май, ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд бо иштироки 16 даста аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар натиҷаи бозии фаъол ва ҳамоҳанг, дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе мақоми аввалро соҳиб шуд. Мақоми дуюм насиби дастаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гардида, дастаи Раёсати хадамоти иҷро ҷойи сеюмро ишғол кард.
Мусобиқа бо ҳадафи ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дустӣ ва ҳамкориҳои касбӣ баргузор гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон