Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон — 22 майи соли 2025
22 майи соли 2025 дар шаҳри Алмато Ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин» баргузор гардид, ки онро Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон ташкил намуд. Ин чорабинӣ як рӯйдоди муҳим дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи гумрукӣ миёни кишварҳои минтақа гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарони хадамоти гумрукии шаш кишвар — Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Раисии ҷаласаро Дуйсембиев Жандос Жумабаевич, раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон, бар ӯҳда дошт.
Дар ҷаласа Сардори Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иштирок намуд.
Дар ҷараёни суханронии худ Хуршед Каримзода зикр кард, ки фаъолгардонии ҳамкорӣ миёни мақомоти гумрукӣ ба манфиати кишварҳои минтақа мебошад.
Иштирокчиён доир ба масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои гумрукӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Тамаркузи махсус ба рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи гумрук равона шуд. Ҳар як кишвар таҷриба ва дастовардҳои худро дар соҳаи автоматикунонии равандҳои гумрукӣ муаррифӣ намуд.
Қисми зиёди муҳокимаронӣ ба такмили идоракунии нуқтаҳои гузаргоҳ ва оптимизатсияи тартиботи назорати сарҳадӣ бахшида шуд. Иштирокчиён ҷанбаҳои амалӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти гумрукӣ дар сарҳадҳои муштарак ва баланд бардоштани қобилияти гузариши нуқтаҳои назоратиро баррасӣ намуданд.
Қисми алоҳида ба масъалаҳои рушди захираҳои инсонӣ бахшида шуда, барномаҳои мубодилаи таҷриба, баланд бардоштани тахассуси кормандони гумрук ва ташкили ташаббусҳои муштараки таълимӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо дар доираи Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Чин» омода мешаванд, баррасӣ гардиданд, ки аҳамияти стратегии ҳамкории гумрукиро дар минтақа таъкид мекунанд.
Натиҷаи кори самарабахш ба имзои се ҳуҷҷати калидӣ оварда расонд, ки мувофиқаҳои бадастомадаро тасдиқ намуданд:
Протоколи ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин».
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникии соҳаи санҷиши ғайриинтрузивӣ ва шиносоии зеҳнии тасвирҳо.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии хатари гумрукӣ.
Ҷаласаи дуюми роҳбарони хадамоти гумрукии формати «Осиёи Марказӣ – Чин» сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва омодагиро барои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ нишон дод. Мувофиқатҳои бадастомада заминаи боэътимод барои ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳои иштирокчӣ мегарданд.
Иштирокчиён ташаббуси баргузории ҷаласаи сеюмро якдилона дастгирӣ намуданд, ки ин омодагии умумиро ба институтсионализатсияи ин формати ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор тасдиқ мекунад.
Пас аз анҷоми қисми расмии ҷаласа, иштирокчиён дар барномаи фарҳангии аз ҷониби мизбон ташкилгардида иштирок карданд. Ба меҳмонон хӯроки расмӣ дар юртаи қазоқӣ пешкаш гардид, ки дар он унсурҳои хоси таомҳои миллӣ ва меҳмондории халқи қазоқ муаррифӣ шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон