Дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии “Алишер Навоӣ” аксияи «Тоҷикона мепӯшем» баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ бонувони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Ин иқдом бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Мақсади асосии ин аксия арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллии тоҷикӣ, хусусан эҳёи либоси миллӣ — атласу адрас ва чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ ва коҳиш додани майли бегонапарастӣ мебошад. Дар доираи он, бонувон дар тамоми корхонаю муассисаҳо ба муддати ду моҳ либоси миллиро ба бар мекунанд.
Дар мақомоти гумрук низ, тибқи ин ташаббус, аз 1 март то 31 май, ҳамаи бонувон либоси миллии тоҷикӣ ба бар мекунанд, ки ин иқдом ифодаи эҳтиром ба ҳувияти миллӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон