Алмато, 21 майи соли 2025 - Дар доираи ҷаласаи дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳри Алмато гуфтушунидҳои дуҷониба байни ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат гирифт.
Ҳайати Тоҷикистонро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва ҷониби Чинро Вазир, Котиби кумитаи ҳизбии Саридораи гумруки Чин хонум Сун Мэйҷун роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба масъалаҳои асосии рӯзнома диққати аввалиндараҷа зоҳир намуданд, аз ҷумла:
- ҳалли мушкилот вобаста ба нокифоя будани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми интиқоли байнисарҳадии молҳо;
- такмили механизмҳои рақамисозии ҳамкориҳо байни мақомоти гумрук;
- ҷорӣ намудани воситаҳои ҳамаҷонибаи арзёбии хавфҳо ва низоми мубодилаи маълумоти пешакӣ.
Диққати махсус ба масъалаи фарқияти омори гумрукӣ байни кишварҳо дода шуд. Дар натиҷаи муҳокима тарафҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки баҳри бартараф намудани масъалаи мазкур таъсиси механизми самараноки ҳалли мушкилоти фарқият дар маълумотҳои омори гумрукӣ тавассути таъин намудани шахсони тамоси масъул ва ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамоҳангсозии омори гумрукӣ зарурат дорад.
Музокироти мазкур дар фазои муколамаи созанда ва эҳтироми мутақобил баргузор гардид. Тарафҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва татбиқи ҳалли инноватсионӣ, ки ба пешбурди тиҷорат ва таъмини амнияти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ равона шудаанд, тасдиқ намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон