Алмато, 21 майи соли 2025 - Дар доираи сафари кории ҳайати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Алмато ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти дуюми роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, гуфтушунидҳои дуҷониба бо роҳбарияти Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Гуфтушуниди мазкур таҳти раёсати Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва Раиси Кумитаи даромадҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Жандос Жумабаевич Дуйсембиев сурат гирифт.
Дар рафти вохӯрии мазкур ҷонибҳо мушкилиҳои ҷойдошта дар самти транзити байни кишварҳоро матраҳ намуда, якчанд ҳолатҳои ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниро ба таври мисол муҳокима карданд ва дар ниҳоят роҳбарони ҳайатҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба ҳалли мушкилотҳои мавҷуда Гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад ва механизми ҳамкориҳои мутақобилан судманд таҳия ва роҳандозӣ гардад.
Дар натиҷаи вохӯрӣ тарафҳо Шартҳои техникии Протокол оид ба мубодилаи маълумоти пешакии гумрукиро имзо намуданд, ки ин иқдом тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маъмурияти гумрукиро инъикос менамояд. Аз ҷумла, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи маълумот бо мақсади таҳлили саривақтӣ ва арзёбии хавфҳо ҳангоми интиқоли молҳо, тақвияти иқтидори транзитӣ ва соддагардонии расмиёт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва такмили механизмҳои ҳамкорӣ байни мақомоти гумруки ду давлат мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ.
Тарафҳо бо итминон изҳор доштанд, ки тавофуқи бадастомада ба тақвияти эътимоди мутақобила ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон