ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Пирӯзии шоистаи дастаи футболбозони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муборак бошад!

Ин комёбӣ, ки дар чорякфинали мусобиқаи футболи хурд ба шарафи Рӯзи ҷаҳонии футбол ба даст омад, нишонгари омодагии ҷисмонӣ, рӯҳи баланд ва ҳамбастагии кормандони ин ниҳод мебошад. Ғалабаи 3:0 бар дастаи Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе шаҳодати заҳмату машқу тамрини пайваста ва рӯҳияи баланди варзишии аъзои даста аст.

 

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ расман дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шудааст, як қадами муҳим дар рушди варзиш ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни кишварҳо ба ҳисоб меравад. Бо баргузории чунин чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои байниидоравӣ, арзишҳои солими варзиш дар ҷомеа тақвият ёфта, сабаби тақвияти ҳамдигарфаҳмӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад.

Бори дигар пирӯзии дастаи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанберо самимона таҳният гуфта, ба онҳо барору муваффақиятҳои минбаъда таманно дорем!

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: