Бо мақсади таҷлили шоистаи Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ, аз 19 май то 27 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» миёни кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст.
Дар мусобиқа дастаҳои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин ташкилотҳои алоқаманди ҷумҳуриявии дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт фаъолиятдошта ширкат менамоянд.
Бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кормандони мақомоти гумруки кишвар низ дар ин мусобиқа фаъолона ширкат варзида истодаанд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, таҳкими дӯстию ҳамбастагӣ ва тақвияти муносибатҳои ҳамиҷавонӣ миёни сохтору муассисаҳои гуногун маҳсуб меёбад.
Ёдовар мешавем, ки санаи 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус 25 майро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд. Ин иқдоми таърихӣ бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст.
Мусобиқа дар фазои дӯстона ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҷараён дошта, интизор меравад, ки дар натиҷа беҳтарин дастаҳо сазовори «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» гарданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон