18 майи соли 2025, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабиниҳои оммавии варзишӣ сокинон, намояндагони сафоратҳо, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин маъракаи солимгардонӣ иштироки фаъол доштанд.
Дар шаҳри Душанбе масири дав аз дидбонгоҳи Чорбоғ то Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” идома ёфт.
Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май баргузор мегардад.
Ҳадаф — таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш ва таблиғи арзишҳои зиндагии солим мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон