Бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди кишвар, дар ҳошияи Лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, аз аввали соли 2022 низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст.
Низоми иттилоотии мазкур, ки аксари қисматҳои он ба таври худкор ва бо истифода аз унсурҳои зеҳни сунъӣ амал менамоянд, ба суръатбахшии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ, ҳосил намудани маълумоти боэътимоди саривақтӣ дар бораи тиҷорати хориҷӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ, равона гардидааст.
Истифодабарии низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар ҳамаи нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ ба таври озмоишӣ ба роҳ монда шудааст.
Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ бо мақсади гузариш ба шакли электронии декларатсияи гумрукии мусофирон ва ба роҳ мондани махзани мутамаркази маълумот дар бораи интиқоли молу сарватҳои асъорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукӣ модули “Декларатсияи мусофирон”-и низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар фаъолияти амалии дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ роҳандозӣ карда шуд.
Ҷорӣ гардидани низоми гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ қадами нав дар самти маъмурикунонии фаъолияти гумрукӣ, рақамикунонии расмиёти гумрукӣ ва вусъат бахшидан ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ маҳсуб меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон