ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон аз гумруки шаҳри Шероз дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ

Шаҳри Шероз, Ҷумҳурии Исломии Эрон – Дар доираи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо сафари корӣ аз гумруки шаҳри Шероз боздид ба амал овард.

 

Ба ҳайати расмии Тоҷикистон инчунин муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода ва муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Миралӣ Бодуршозода шомил буданд.

Ҳайати Тоҷикистонро сардори Раёсати минтақавии гумруки вилояти Форс, ҷаноби Аюб Зораӣ, бо самимият истиқбол намуд. Дар ҷараёни боздид, ҳайати Тоҷикистонро доктор Саидҷалол Маҳмудӣ — муовини сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Маъмурияти гумруки Эрон оид ба масъалаҳои Тоҷикистон — ҳамроҳӣ мекард.

Гумруки шаҳри Шероз яке аз марказҳои муҳими логистикии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳисоб рафта, дар амалиётҳои тиҷорати хориҷии кишвар нақши калидӣ мебозад. Худи Шероз, ки бо унвони “шаҳри шоирон ва боғҳо” машҳур аст, дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ мебошад.

Ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари худ ҳамчунин аз ширкати истеҳсолии Shayan Diesel боздид ба амал овард. Ин ширкат яке аз пешсафони соҳаи муҳарриксозӣ дар Эрон ба шумор рафта, дар истеҳсоли муҳаррикҳои дизелӣ барои соҳаҳои гуногуни саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ тахассус дорад. Боздиди ҳайат аз ин корхона имконият фароҳам овард, ки бо таҷриба ва иқтидори истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз наздик шинос шаванд.

Ин боздид ҳамчун натиҷаи талошҳои муштараки ҳар ду кишвар дар самти тақвияти ҳамкориҳои гумрукӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: