ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Эрон дар Шероз

Шероз, Ҷумҳурии Исломии Эрон, 5 майи соли 2025 – Дар ҳошияи ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз 5 то 7 майи соли равон дар шаҳри Шероз баргузор мегардад, вохӯрии дуҷонибаи намояндагони хадамоти гумруки ҳар ду кишвар доир шуд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин мулоқот Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Турсунзода Азим Ҳайдар намояндагӣ кард. Аз ҷониби Эрон бошад, Муовини Раиси Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Абулфазл Акбарпур иштирок намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Мудири кулли гумруки вилояти Форс, ҷаноби Аюб Зораӣ ва Муовини Сардори Раёсати байналмилалии Маъмурияти гумруки Эрон, масъули ҳамкориҳо бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Ҷалол Маҳмудӣ ширкат варзиданд.

Зимни музокирот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла такмили механизмҳои мубодилаи иттилооти гумрукӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо ва қочоқ, инчунин соддагардонии расмиёти гумрукӣ дар чаҳорчӯби густариши тиҷорати хориҷӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷанобон Турсунзода ва Акбарпур изҳор доштанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои амалӣ, рушди мубодилаи иттилооти гумрукӣ ва ҳамоҳангсозии чораҳо дар амалиёти назорати гумрукӣ омодагии комил доранд.

Дар поёни вохӯрӣ, ҷонибҳо ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои амалии гумрукӣ таъкид карда, барои татбиқи иқдомоти мушаххас ба манзури содда ва муассир гардондани расмиёти гумрукӣ ва рушди тиҷорати хориҷӣ миёни ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: