ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рақамикунонии расмиёти гумрукӣ

Аз 17 то 19 марти соли 2025, ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон, иборат аз намояндагони Хадамоти гумрук ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, ба шаҳри Тошканд сафари корӣ анҷом доданд. Мақсади сафар омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буд.

 

Дар доираи сафар, вохӯрӣ бо роҳбарияти Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Хадамоти гумруки Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ намудани эъломияҳои электронӣ ва низомҳои автоматикунонидашудаи назорат мулоқот анҷом доданд. Ҳайат инчунин аз лабораторияи гумрукӣ, маркази киберамният ва Маркази идоракунии вазъият боздид намуд.

Бо роҳбарияти гумрукии Ӯзбекистон ҳайат аз дидбонгоҳи наздисарҳадии "Яллама" ва анбори гумрукии "Аркбулок" дар шаҳри Тошканд дидан кард. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон барасмиятдарории гумрукӣ бе ҳузури шахси барасмиятдароранда тавассути платформаи онлайн амалӣ мегардад.

Ҳамчунин, ҳайат бо роҳбарияти Донишгоҳи технологии иттилоотии Тошканд вохӯрӣ намуда, имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти табодули донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ муҳокима гардиданд. Дар идомаи сафар, ҳайат аз Донишгоҳи муштараки "INHA" ва "Мактаби 21", ки бо методологияи инноватсионӣ фаъолият менамояд, боздид кард.

Дар ҷараёни мулоқот бо Вазорати технологиҳои рақамии Ӯзбекистон, корхонаи давлатии "Узинфоком" ва IT Park масъалаҳои рушди ҳукумати электронӣ, амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои блокчейн баррасӣ шуданд. Ҳайат бо таҷрибаи рақамикунонии инфрасохтор, автоматизатсияи соҳаҳои гуногун ва рушди стартапҳо шинос гардид.

Сафари мазкур барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи рақамикунонӣ ва татбиқи он дар Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам овард.

 Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: