13 марти соли 2025, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ, музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои рушди онҳо ба таври муфассал баррасӣ гардид. Ба масъалаҳои тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти мавҷудаи ҳарду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки Шӯрои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то 500 миллион доллар афзоиш диҳад.
Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди кишоварзӣ, энергетика, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ (аз ҷумла CASA-1000), истифодаи захираҳои обӣ, тавсеаи робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва истифодаи имконоти транзитӣ аз мавзӯъҳои муҳими гуфтушунидҳо буданд.
Дар мулоқот ба идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки барои барқарорсозии парвозҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар ва хатсайрҳои нақлиёти мусофиркаш, хусусан байни ноҳияҳои наздисарҳадӣ, чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, илм ва маориф, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарони давлатҳо дар мавриди тақвияти ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, киберҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд.
Илова бар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок карданд. Тибқи тавофуқи ду ҷониб, дар ояндаи наздик ҳаракати нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ миёни кишварҳо барқарор хоҳад шуд.
Маросими мазкур бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии ҳарду кишвар баргузор гардид.
Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон протокол оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Ҳуҷҷатро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва роҳбари Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расониданд.
Маросими баимзорасонии санадҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Қирғизистон, на танҳо як иқдоми расмӣ, балки намоиши эҳтиром ва дӯстии амиқи ду кишвари бародар ба шумор рафта, имзои ин санадҳо, боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб меёбад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон