Бо мақсади шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам дар соҳаи рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва таҳлили автоматии хавфҳо, ҳайати намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишӣ ба шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия анҷом доданд.
Ин сафар дар доираи чорабинии Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА 10) таҳти унвони "Сафари шиносоӣ ба Ҷумҳурии Латвия оид ба татбиқи таҷрибаи пешқадами рақамикунонӣ дар мақомоти гумруки давлатҳои аъзо" баргузор гардид. Дар он кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
Намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла Шодиев Сафар Раҳматуллоевич – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ва такмили системаҳои иттилоотии Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона, Ёров Ёрмаҳмад Надирович – сардори шуъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорати содиротии Раёсати ташкили назорати гумрукӣ ва Шакиров Шуҳрат Алишерович – сардори шуъбаи равзанаи ягонаи КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук, дар ин сафар иштирок доштанд.
Зимни сафари омӯзишӣ, иштирокчиён бо фаъолияти шуъбаҳои гуногуни Раёсати гумруки Хадамоти давлатии даромадҳои Латвия шинос шуданд. Онҳо инчунин аз нуқтаҳои асосии назорати гумрукӣ, аз ҷумла порти озоди Рига, фурудгоҳи байналмилалии Рига, оператори миллии почтавии Латвия ва лабораторияи марказии гумрукӣ боздид намуданд.
Ҳамкории зичи гумрук бо оператори миллии почтавии Латвия ба иштирокчиён имкон дод, ки бо равандҳои коркарди фиристодани тиҷорати электронӣ тавассути почта, табодули маълумоти фаврӣ бо мақомоти гумрук ва пешниҳоди автоматии декларатсияҳои гумрукӣ шинос шаванд.
Дар ҷараёни сафари омӯзишӣ, иштирокчиён таҷрибаи истифодаи системаҳои иттилоотии муосири аврупоӣ, тарзи татбиқи профилҳои таваккал, истифодаи равзанаи ягонаи Иттиҳоди Аврупо ва қабули қарорҳои марказонидашуда дар вақти воқеӣ бо истифода аз камераҳои масофавӣ дар амал омӯхтанд.
Сафари мазкур барои такмили дониш ва малакаи мутахассисони гумруки Тоҷикистон имконияти арзишманд фароҳам овард. Иштирокчиён тасмим доранд, ки таҷриба ва донишҳои гирифтаашонро дар рушди рақамикунонии гумруки кишвар амалӣ созанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон