ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷаласаи 4-ум Гурӯҳи роҳбарикунандаи минтақавии Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10)

20 феврали соли 2025, дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, Ҷӯрабекзода Э.Т., ва муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, Муллоева П.Ш., дар ҷаласаи 4-ум Гурӯҳи роҳбарикунандаи минтақавии Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10) иштирок намуданд.

 

Ҷаласаи Гурӯҳи роҳбарикунандаи минтақавӣ ҳарсола бо мақсади натиҷагирӣ, арзёбии дастовардҳо ва банақшагирии иқдомҳои минбаъдаи татбиқи Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10) гузаронида мешавад. Марҳилаи даҳуми Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10) аз соли 2021 тавассути маблағгузории Иттиҳоди Аврупо оғоз гардида, фаъолияти он ба таҳкими бехатарӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст. Мақсади асосии он ноил гардидан ба рушди босуботи иқтисодӣ тавассути ҳамгироии идоракунии сарҳадот, дастгирии ҳамкориҳои фаромарзӣ ва беҳтар намудани зисти аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи мусоидат дар идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА - 10) барои расидан ба ҳадафҳои муайяншуда чорабиниҳоро дар чор самт аз ҷумла, рушди институционалии мақомотҳои сарҳадӣ, баланд бардоштани иқтидорҳо барои ошкор кардани ҷиноятҳои фаромарзӣ, мусоидат ба гардиши савдои расмӣ тавассути сарҳадҳо ва таҳкими ҳамкориҳои фаромарзӣ барои беҳтар кардани зисти аҳолӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷудо намудааст.

Дар рафти ҷаласаи мазкур, намояндагони Барномаи БОМКА-10, коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва масъулини мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисоботи натиҷаҳои ҳамкории мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Барномаи БОМКА-10 дар соли 2024, натиҷагирии татбиқи нақшаи хариди таҷҳизот, нақшаи дурнамои ҳамкориҳо барои соли 2025 ва иттилооти марбут ба марҳилаи навбатӣ – марҳилаи Барномаи БОМКА-11, пешниҳод намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: