12 феврали соли 2025 дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд семинар-машварате оид ба омӯзиши "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба терроризм" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба экстремизм" баргузор гардид. Дар он ҳайати шахсии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, намояндагони гумруки Истгоҳи роҳи оҳани Бобоҷон Ғафуров, гумруки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Ҷаласаро муовини сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ, подполковники хадамоти гумрук Эмомзода Баҳриддин Сайнуриддин ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомоти муҳими созандагӣ, рушди илму маориф, дастгирии ҷавонон ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат татбиқ гардидаанд.
Зикр гардид, ки терроризм ва экстремизм на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки кишварҳои ҷаҳон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок тадбирҳои қатъӣ андешанд, қонунгузории худро пурзӯр намоянд ва барои ҳифзи сулҳу субот ва амнияти шаҳрвандон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Сардори шуъбаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шарифзода С.П. дар мавриди санадҳои қонунгузорӣ, фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад, маъруза намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид карданд, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолона ширкат варзида, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд. Ҳамзамон, дар Раёсати минтақавии гумрукӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ анҷом дода мешаванд.
Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расидааст. Ин стратегия мақсад, вазифа ва самтҳои асосии мубориза бо экстремизм ва терроризмро муайян намуда, механизми амалишавии онро пешбинӣ мекунад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, ки 2 январи соли 2020 қабул шудааст, 6 боб ва 30 моддаро дар бар гирифта, мафҳуми экстремизм, фаъолият ва тадбирҳои муқовимат ба он, инчунин нақши мақомоти дахлдорро муайян менамояд. Тибқи моддаи 10-и ин қонун, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун субъекти муқовиматкунанда ба экстремизм ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, ки 23 декабри соли 2021 қабул гардидааст, Хадамоти гумрук дар пешгирии вуруди ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда нақши муҳим дорад.
Инчунин, он дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ барои ошкор ва безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки бояд барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки фарҳанги истифодаи интернет низ назорат шуда, аз мутолиа ва паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ худдорӣ карда шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки мубориза бо экстремизм ва терроризм вазифаи ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа буда, мутобиқи "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот тақвият дода шавад. Иштирокчиён зарурати ҳамкории зич миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон