ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ бахшида ба Рӯзи Кормандони мақомоти гумрук

18 январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук конференсияи байналмилалии илмӣ - амалӣ дар мавзуи “Рушди институтсионалии фаъолияти гумрукӣ дар шароити муосир” бо иштироки олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёни конференсияро хайру мақдам гуфта, ҳозиринро аз номи Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо Рӯзи касбии кормандони Хадамоти гумрук табрик намуда, қайд намуд, ки чорабинии имрӯза ба 33-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ҷамшед Машокиров иброз дошт, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Мақомоти гумрук - зодаи даврони истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети кишвар табдил гардид. Мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор рафта, нақши он дар танзими фаъолияти иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ хеле муҳим аст.

Инчунин, Ҷамшед Машокиров аз номи раёсати донишгоҳ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати кишвар миннатдории самимии худро изҳор намуданд.

Таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба омода кардани мутахассисони соҳаи гумрук саҳм мегузорад.

Дар конференсия, ки бо иштироки олимон, муҳаққиқон ва кормандони мақомоти гумрук баргузор гардид, маърӯзаҳои гуногун ва муҳим пешниҳод шуданд. Ҳадафи асосии он баррасии масъалаҳои марбут ба рақамикунонӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва рушди технологияҳои муосир дар фаъолияти гумрукӣ буд.

Ҷурабекзода Эраҷ, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук, дар мавзӯи “ASYCUDA WORLD – марҳилаи нави рақамикунонии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Вай таъкид кард, ки татбиқи ин система ба таври назаррас расмиёти гумрукиро соддатар намуда, самаранокии идоракуниро беҳтар мекунад.

Улфатшои Холмирзо, корманди Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзуи “Мутобиқгардонии иқтисодиёти Тоҷикистон бинобар узвият дар СУС, заминаи мусоид барои соддагардонии расмиёти савдои хориҷӣ” суханронӣ намуд. Ӯ зарурати мутобиқ кардани иқтисодиёт ба стандартҳои ҷаҳониро таъкид кард.

Ёров Ёрмаҳмад Надирович, сардори шуъбаи танзими ғайритарифӣ ва назорати содироти Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумрук, дар бораи “Рақамикунонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Раҷабов Раҷаб Кучакович, доктори илмҳои иқтисодӣ ва профессори кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ, дар мавзуи “Масоили рушди институтсионалии ташаккули кластери гумрукию нақлиётии Тоҷикистон дар шароити рақамикунонӣ” маърӯза кард. Ӯ ба нақши кластери гумрукию нақлиётӣ дар таҳкими иқтисодиёт ишора намуд.

Алиев Маҳмадҷон Баҳронович, номзади илмҳои иқтисодӣ ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ, маърӯзаи худро дар мавзӯи “Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир ва истифодаи онҳо дар фаъолияти гумрукӣ” (бо забони русӣ) пешниҳод намуд.

Дар баробари маърӯзаҳо, дар конференсия генерал-майори хадамоти гумрук Абдуқодирзода Ҷамшед Комил, майори хадамоти гумрук Турсунов Хушруз Муталибович, майори хадамоти гумрук Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Насриддинов Фируз Бобоевич, ва дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ашурзода Шоҳмурод Мирзомурод ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар муҳокимаи маърӯзаҳо профессорон Нидоев Н.Ф., Насриддинов Ф.Б., Ҷабборов А.А. ва дотсентон Қурбонов А.Р., Ҳикматов С.М., Турсунов Х.М. иштирок намуда, фикру андешаҳои худ оид ба масъалаҳои баррасишуда иброз доштанд.

Конференсия бо муҳокимаҳои пурсамар ва пешниҳоди роҳҳои амалии беҳтар кардани фаъолияти гумрукӣ ҷамъбаст гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: