ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рақамикунонии гумрукӣ-омили афзалятноки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Санаи 14 январи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рақамикунонии гумрукӣ-омили афзалятноки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар чонабинии мазкур кормандони масъули Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рақамикунонии фаъолияти гумруки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърузаҳо (презентатсия)-ҳо баромад намуда аз фаъолияти пурсамари ин ниҳод дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷ гардида буд ба иштирокчиён ва омӯзгорон вобаста ба рақамикунонии фаъолияти гумруки, густариши раванди иқтисоди рақамӣ, татбиқи «иқтисоди сабз», истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ маъруза намуданд.

 

Дар рафти семинари ҷумҳуриявӣ аз дастовардҳои Хадамоти гумрук дар рақамикунонии фаъолияти гумруки, дастовардҳо дар ин самт ва дурнамои рушди фаъолияти гумруки ба иштирокчиён фаҳмонида шуд. Қайд карда шуд, ки Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумрук барои солҳои 2025-2029 бо мақсади ҳалли саривақтии мушкилот дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мутобиқ гардонидани самтҳои асосии фаъолияти гумрукӣ ба талаботи ҷаҳони муосир мавриди таҳия қарор дошта, самтҳои асосии рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои 5 соли оянда муайян хоҳад кард.

Илова бар ин, қайд карда шуд, ки гузариш ба Системаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ва амалисозии ислоҳоти гумрукӣ”, ҷиҳати навсозии платформаи гумрукӣ баҳри мукаммал созии фаъолияти гумруки дар кишвар ҳадафи саривақти мебошад. Ҳадаф аз ҷорӣ намудани Системаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ин гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол ва ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо дар шакли электронӣ ташкили мубодилаи фаврии маълумоти зарурӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, ҳамоҳангсозӣ, шаффофият ва пешгӯишавандагии расмиёти гумрукӣ барои иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин, беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ мебошад. Айни замон, системаи иттилоотии Асикудаи ҷаҳонӣ дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шакли пилотӣ роҳандозӣ карда шудааст. Шуруъ аз моҳи майи соли 2025 модулҳои системаи иттилоотии Асикудаи ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила ба таври расмӣ роҳандозӣ хоҳад гардид. Дар доираи Лоиҳаи мазкур дар бинои Хадамоти гумрук Маркази коркарди маълумоти иловагӣ бо ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои муосири пуриқтидори серверию компютерӣ ва шабакавӣ насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: