16-уми январи соли 2025, зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон, дар толори бошукӯҳи Қасри Миллат, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён, маросими бошукӯҳи имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ибтидо, Президентони ҳар ду кишвар, Баёнияи муштараки худро имзо намуда, сипас дар фазои дустона ва ҳусни тафоҳум, 23 санади дигари нави ҳамкорӣ, ки фарогири масъалаҳои муҳим ба шумор мерафтанд, ба имзо расиданд, аз ҷумлаи, Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиши кадрҳо, ки ба он Каримзода Хуршед Абдураҳмон, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдулносир Ҳимматӣ, вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Исломии Эрон имзо гузоштанд. Тазаккур бояд дод, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда, ин иқдом дар таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо нақши муҳим мебозад.
Маросими баимзорасонии санадҳои дуҷониба бо Эрон, на танҳо як иқдоми расмӣ, балки намоиши эҳтиром ва дӯстии амиқи ду миллати бародар ба шумор рафта, имзои ин санадҳо, боз як қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон маҳсуб меёбад.