ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оғози рамзгузории электронӣ барои воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023, №263 "Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо" ва бо назардошти оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ барои воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз 1 январи соли 2025, масъулини Хадамоти гумрук корҳои фаҳмондадиҳиро дар миёни раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баргузор намуданд.

 

Ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ

Вохӯриҳо дар дидбонгоҳҳои барасмиятдарории молҳои зераксизӣ, Гумрук дар ноҳияи Мастчоҳ, Гумрук дар шаҳри Хуҷанд, Терминали Хуҷанд, Гумрук дар шаҳри Истаравшан ва инчунин дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳри Турсунзода ва "Терминали Дӯстӣ" бо иштироки масъулини шуъбаҳои функсионалии Раёсат ва намояндагони ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо, ба иштирокчиён талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 фаҳмонида шуда, машваратҳо барои ҳамкорӣ бо оператори расмӣ – ҶДММ "Технология Групп" ва бастани шартномаҳо барои гирифтани рамзҳои электронӣ пешниҳод гардид.

Машварат ва омӯзиш

Дар ҷараёни вохӯриҳо миёни масъулини мақомоти гумрук ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ саволу ҷавоб оид ба ҷанбаҳои техникии татбиқи рамзгузории электронӣ баргузор гардид. Ҳамзамон, масъалаи риояи талаботи амалкунанда вобаста ба рамзгузории электронии маҳсулоти тамоку, машрубот ва дигар молҳои зери назорат қарор дошта таҳлил ва баррасӣ шуд.

Илова бар ин, барои омӯзиши кормандон оид ба истифодаи низоми рамзгузории электронии мол, санаи 11 ноябри соли 2024 ба таври маҷозӣ рунамо ва видеомаводҳо аз ҷониби масъулини ҶДММ "Технология Групп" пешниҳод гардиданд.

Талаботи асосӣ барои воридкунандагон

Ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025, онҳо бояд бо ҶДММ "Технология Групп" барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи иштирокчиёни раванди воридот тавсия медиҳад, ки омодагии худро барои татбиқи пурраи рамзгузории электронӣ таъмин намоянд ва дар ҳамкорӣ бо операторони расмӣ чораҳои заруриро андешанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: