5 декабри соли 2024 Сардори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон дар ҳошияи “Конфронси Закот, Андоз ва Гумрук 2024” дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти мақомоти гумруки Подшоҳии Баҳрайн Шайх Аҳмад Ҳаммад Ал Халифа мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
Хуршед Каримзода, изҳор намуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд аст, то таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақаиро омӯхта, барои такмили фаъолият ва беҳтар кардани равандҳои гумрукӣ аз он истифода намояд.
Шайх Аҳмад Ҳаммад Ал Халифа низ вобаста ба фаъолияти мақомоти гумруки Подшоҳии Баҳрайн маълумоти мухтасар пешниҳод намуда аз раванди мутобиқсозии фаъолияти гумрукӣ бо истифода аз технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, баҳри рушди тиҷорати байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони мақомоти гумруки подшоҳӣ ёдовар гардид.
Мавриди зикр аст, ки истифодаи технологияҳои муосир дар мақомоти гумрукӣ нақши калидӣ дар рушди тиҷорати байналмилалӣ, беҳтар кардани самаранокии хизматрасонӣ ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони гумрукӣ мебозад. Технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки раванди расмиёти гумрукӣ суръат бахшида, дар айни замон шароити муассир барои муҳофизат ва мониторинг фароҳам оварда, раванди таҳлил ва идоракунии маълумотро осонтар ва дақиқтар созанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон