ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сардори Идораи Гумруки Давлати Қатар Аҳмад Ал-Ҷамал

5 декабри соли 2024 дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар ҳошияи “Конфронси Закот, Андоз ва Гумрук 2024” мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Сардори Идораи Гумруки Давлати Қатар Аҳмад Ал-Ҷамал баргузор гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муколамаи созандаи сиёсӣ миёни роҳбарони олии ду кишвар ва тамоюли рӯ ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноатмандӣ карда, роҷеъ ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи гумрукӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода аз ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Қатар дар самти фаъолияти гумрукӣ ёдовар гардида иброз намуд, ки омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами мақомоти гумруки Давлати Қатар дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи кор буда, ҳамкориҳои гумрукӣ пас аз ба имзо расонидани шартномаи нави ҳамкории гумрукӣ ба сатҳи баландтаре хоҳад расид.

Сардори Идораи Гумруки Давлати Қатар, Аҳмад Ал-Ҷамал, дар навбати худ барои гузаронидани вохӯрии дуҷониба изҳори сипос намуда, омодагии хешро ҷиҳати тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи идоракунии гумрук, инчунин зудтар омода ва ба имзо расонидани шартномаи нави ҳамкориҳо миёни мақомоти гумруки кишварҳо баён кард.

Дар фарҷоми мулоқот, тарафҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори омодагӣ карданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: